Оташи ҷашни Сада оташи
меҳри Ватан аст

Вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврони куҳан панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ҷашни Садаро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ин ҷашн низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе сарчашмаҳо Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва баъзе таърихнигорон мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят гӯё чун адади фарзандони Каюмарс ба сад мерасад, ҷашни бузург барпо мекунанд ва оташи фаровон афрӯхта, дар атрофи он ҷашни бузург созмон медиҳанд ва онро Сада меноманд.

Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро ишора намудааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба фаъолияти шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи золим ва мардумозор буд, ҳар рӯз ду нафар шахсони бегуноҳро ба шаҳодат мерасонд, аз мағзи сари онҳо барои морони китфи ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил -вазири Беварасп, яъне Заҳҳок, ҳар дафъа як нафари он бегуноҳонро беосеб нигоҳ дошта, ба ивази он гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Ва шахсони наҷотдодаашро дар кӯҳи Дамованд пинҳон менамуд. Ҳангоме ки Фаридун Заҳҳокро аз байн бурду ба тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Армоил шоҳро аз ин кори некаш иттилоъ дод. Ҷиҳати рост будани баёноти Армоил бо хоҳиши ӯ ашхоси аз марг наҷотёфта шабҳангом ҳар кадоме дар кӯҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ки адади оташҳо ба сад расид. Ҳамин тавр, бо сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ ҷашне баргузор намудани шоҳ Фаридун ва номи ин ҷашнро Сада гузоштан ва ба расмият даромадани ин ҷашнро сарчашмаҳои адабиву таърихӣ собит сохтаанд.

Шоири қасидасарои қарни XI Унсурӣ шаби ҷашни Садаро мисли кӯҳи Тӯр равшан ва монанди шарораи оташи Намруд тафсону сӯзанда тасвир намудааст, ки гӯё аз тафси шаби ҷашни Сада мавҷи рӯд месӯхтааст ва он монанди ҷаҳли шоҳони золим сӯзандаву тезу тунд будааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин ин шаб гӯё Кӯҳи Тӯр аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ дар даврони бостон, хосатан дар аҳди Сомониён, барои бошукӯҳу аҷибу ғариб баргузор намудани ҷашни Сада дар талу теппа ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастаанд. Дар болои ҳезум ва маводи сӯхт парандаҳои гуногунро аз пояшон баста мемондаанд. Чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекардаанд ва бо сими борик ба пойҳову гардани парандагон овезон мекардаанд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштаанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзҳоро даргиронда, парандаҳоро раҳо медоданд. Шаби тор равшан гардида, қалби мардумро фараҳу шодӣ фаро мегирифтаст.

Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта марсум, яъне анъана шуда буд, ки барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд. Ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон, агар худашон ҳезум гирд оварда натавонанд, дигаронро мардикор карда, пул дода ин корро ба анҷом мерасонданд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заиф сохта, нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.

Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯз аз моҳи Баҳман (баробар ба 30-юми моҳи январи мелодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи мардум дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, мардум Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» ҷашн мегирифтанд, оташ афрӯхта, моддаҳои хушбӯй бухор мекарданд, ки аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад.

Абӯрайҳони Берунӣ дар ҷои дигар изҳори ақида кардааст, ки: «Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб», яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд, (баробари аввали феврал то 20 март) ва панҷоҳ шабонарӯз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Оид ба ин муддати фарорасии ҷашнҳои Садаву Наврӯз шоири қасидасаро Манучеҳрии Дамғонӣ чунин изҳори андеша намудааст:

Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада талояи Наврӯзу навбаҳор.

Тавре ки ишорае рафт, бегумон сабаби аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи Оташ аст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи ривояти Ҳушанг мори сиёҳ рамзи Аҳриману зиштист, ки маргу нобудӣ меофарад. Оташи аҳурамаздоӣ ҳамин ки медурахшад, маргу бадиро ба дур меронад ва инсонҳоро аз касифию бадбахтӣ раҳоӣ мебахшад.

Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардуми мо пажӯҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид, бар он ақидаанд, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад ва шаби Садаро баландтарин шаби зимистон медонанд. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Ва ин айём оғози шикасти зимистон аст, ки Аҳриман офарида ва тибқи баъзе ривоятҳо сардиву зимистон аз дӯзах омадааст ва мардум алайҳи он оташ афрӯхта, бо ҳар гуна дилхушиҳои аҷибу ғариб шодмонӣ мекунанд.

Мардумони эронитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши дигар ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ бештар ба корҳои кишоварзӣ ва хосатан боғдориву ғаллакорӣ иртибот дорад. Ба андешаи Е. Бертелс, И. Брагинский, Н. Кисляков, М. Андреев, М. Раҳимов, А. Неъматӣ, Д. Раҳимов ва муаллифи ин сатрҳо ҷашни Сада на танҳо ҷанбаи ривоятиву достонӣ, балки нуҷумиву гоҳшуморӣ низ дорад. Ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан мебошад. Ин оташро фурӯзон ва ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем.

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Дар чунин ҷашни тараб, оре, Хуршед дигар,
Гар битобад зи дили хок сазовор бувад.
Хуррам аст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт:
«Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад».